Семинар оид ба баррасии натиҷаҳои арзёбии мухтасари Принсипҳои иҷтимоӣ ва экологӣ дар Душанбе баргузор гардид
20 июни соли 2025 дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе семинар оид ба муаррифӣ ва баррасии натиҷаҳои арзёбии мухтасари Принсипҳои иҷтимоӣ ва экологӣ (ПИЭ) баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои калидии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати энергетика ва захираҳои об, инчунин шарикони рушд, намояндагони доираҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ иштирок карданд.
Ҳадафҳои асосии семинар инҳоро дар бар мегирифтанд
Муаррифии хулосаҳои асосии арзёбии мухтасари ПИЭ;
Баррасии роҳҳои таҳкими иқтидори институтсионалӣ дар соҳаи идоракунии иҷтимоӣ ва экологӣ;
Дастгирии мутобиқсозии системаҳои миллӣ бо стандартҳои байналмилалӣ;
Рушди ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва мақомоти давлатӣ барои таъсиси марказҳои дониш ва таҷриба;
Тақвияти ҳамкории стратегӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои устувори рушд.
Бо суханони ифтитоҳӣ хонум Вэй Винни Ван, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ва Исфандиёр Шукурзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карданд. Пас аз муаррифии натиҷаҳои таҳлили коршиносон, мубоҳисаву пурсишҳо ва пешниҳоди иштирокчиён баргузор гардид.
Дар қисмати поёнии семинар ҷонибҳо барои идомаи муколама ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти устувории иҷтимоӣ ва экологӣ таъкид намуд.