Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ дар Кумита
24 июни соли соли ҷорӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумита бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар оғоз муовини якуми раиси Кумита Шукурзода Исфандиёр Шукур сухани табрикотии раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷонро ба самъи ҳозирин расонид. Дар сухани табрикотӣ қайд гардид, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз санаҳои бузургу муқаддаси таърихии кишвари мо ба ҳисоб меравад ва он ҳамчун пурарзиштарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатӣ дар фазои сулҳу субот ва якдилию ҳамдигарфаҳмӣ таҷлил мегардад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ин неъмати бебаҳои таърихӣ дар кишвари мо бо ҷоннисорӣ ва азму талоши фарзонафарзанди соҳибхиради ин миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада ва акнун 28 сол мешавад, ки моро дар амну осоиштагӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.
Имрӯзҳо натанҳо мардуми Тоҷикистон, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Хело ҳам муҳим аст, ки имрӯз Тоҷикистон ва миллати тоҷикро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ арзёбӣ менамояд.
Гуфта шуд, ки кормандони ҳифзи муҳити зист дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, фаҳмондадиҳию тарғиботӣ фаъолона иштирок намуда, барои дӯстиву рафоқат, ягонагию муттаҳидии минбаъдаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Дар рафти баргузории маҷлиси тантанавӣ алоҳида кормандони Кумита оид ба аҳаммияти Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, аҳли кормандонро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин хотири ҷамъ, хонаи обод ва фаъолияти самараноки давлатию ҷамъиятиро баҳри пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азиз таманно намуданд.