| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                       

    IMG-0414108a0295e04a94906e7910a5984e-V.jpg

    Бо истифода аз обу ҳавои мусоид, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Спитамен ва Ҷ.Расулов аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуд. Аксияҳои мазкур бо мақсади тоза намудани шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, кӯчаҳои протоколӣ ва минтақаи шаҳрии соҳили дарёи Сир аз партовҳо баргузор гардид. Дар рафти онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, нуқтаҳои савдо ва тиҷорат ва сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот, дар маҷмуъ беш аз 2 ҳазор нафар фаъолона иштирок намуданд.

    Дар натиҷа 5 км ҷӯйборҳои қадди роҳ, 3 км соҳилҳои обӣ ва беш аз 3 ҳазор метри мураббаъ ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, дар баробари ин корҳои сафед кардану рангубори қадди роҳҳои пиёдагард ба сомон расонида шуданд. Ба партовгоҳҳо 16,9 метри мукааб партовҳо интиқол гардид.

    Дар баробари ин дар шаҳри Исфара бо истифода аз техникаи махсус партовҳои бесоҳиби атрофи партовгоҳи шаҳрӣ бартараф карда шуд.

    IMG-30e6e0c74a88e9dc391e891ba258d5fd-V.jpg IMG-f2b324dcbd14d9c930ecd8680116a357-V.jpg

    Бозгашт