| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ бахшида ба идҳои миллию байналмилалӣ
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ бахшида ба идҳои миллию байналмилалӣ            

    Баҳри дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани идҳои миллию байналмилалӣ, аз ҷумла таҷлили  Иди байналмилалии “Наврӯз” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии об”, санаи 11 марти соли 2023 бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода дар ҳудуди шаҳр аксияҳои экологии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” баргузор гардид.

    Дар он кормандони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти чорабиниҳо аз ҷониби иштирокчиён роҳи марказии шаҳрро аз ду қисмат ба масофаи 10 км тоза намуданд. Инчунин, соҳилҳои дарёҳо ва ҷӯйҳо, минтақаҳои аҳолинишин, назди биноҳои маъмуриву муассисаҳои таълимӣ ва дохили бозорҳову назди мағозаҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза гардид.

    Дар чорабинии мазкур беш аз 200 нафар иштирокчӣ ҳузур дошта, ба миқдори 12 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуд.

    IMG_20230311_085033.jpg IMG_20230311_090808.jpg Турсун.jpg       

                       


    Бозгашт