Аксияҳои экологӣ бо иштироки сокинон дар ноҳияи Дӯстӣ
Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда санаҳои 16-17 июли соли равон дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар баргузории акияҳои мазкур зиёда аз 200 нафар кормандони соҳаи тандурустии шаҳрак ва аҳолии ҷамоатчигӣ иштирок намуда саҳми худро дар беҳдошти муҳити зист гузоштанд.