| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор               


                                              


    Санаи 10 июни соли 2023 дар доираи ташаббусҳои навбатии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ дар қаламрави шаҳри Ҳисор аксияи “Тозагии соҳил” ва дар ноҳияи Шаҳринав аксияи “Тозагии роҳ” баргузор карда шуданд. 

    Дар ин аксияҳои экологӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав, шуъбаи ташкили кор бо занони ноҳия, коллеҷи тиббӣ, омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарон ва кормандони ҷамоатҳои деҳот ва сокинони деҳот иштирок намуданд.

    Ташкил ва баргузор кардани чунин маъракаҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ,  поку тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва таъмини амнияти экологии ҷомеа мусоидат менамояд. 

    IMG_9677.jpg IMG_9659.jpg IMG_9685.jpg IMG_9699.jpg

    IMG_9722.jpg           


    Бозгашт