| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
    Ахбор

    Аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ               

                       


    Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашнвораҳои давлатӣ, миллӣ ва касбӣ дар деҳаи Навобод ва Лаби тол аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки 50 нафар сокинон ташкил ва баргузор намуда, ба масофаи 260 метр хасу хошок ҷамъоварӣ гардида, ба миқдори 3 метри мукааб партовҳо бароварда шуданд.

    Инчунин, дар деҳаҳои Маҳмадшои боло ва Сарикиштии поён аксияи “Тозагии роҳ” дар ду шафати роҳи нақлиётгарди деҳаҳои мазкур баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ 85 нафар сокинони деҳаҳои номбурда ширкат варзида, 280 метр шафати роҳҳо аз партовҳои гуногун тоза карда шуда, 1 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол дода шуданд.

    Дар ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода бошад аксияи “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур 105 нафар иштирок дошта, дар натиҷа соҳили қубури байни маҳаллаи Ҳоҷиён ва Румӣ ба масофаи 200 метр тоза карда шуда, 6 метри мукааб партовҳо ба ҷойҳои муайян бароварда шуданд.

    махал 22.jpg сарикишти шохрох.jpg сохил.jpg           


    Бозгашт