| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
    Ахбор

    Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд               


                                              


    Дар доираи аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ»-и мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд хонандагон, донишҷӯён, кормандони касбу кори гуногуни идораву ташкилот ва муассисаҳо ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада, кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро тозаву озода намуданд.

    Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати боло бурдани маърифати экологӣ гузаронида шуда, аз ҷумла таъкид гардид, ки шаҳри Хуҷанд дуюмин шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ буда, гардиши сайёҳон рӯз ба рӯз зиёд гашта, партовҳои зиёд дар мавзеъҳои сайёҳгузар боиси озурдахотирии меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мегардад.

    Сокинонро зарур аст, ки дар ин самт масъулияти шаҳрдорӣ намуда, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми муносиб гузоранд, то ки меҳмонону сайёҳон бо таассуроти хуб ба кишвари худ баргашта, аз зебогии "Тирози ҷаҳон" бори дигар васфу тавсиф намоянд.

    394480126_3219713668330444_8636319453138984524_n.jpg 394495925_3219713864997091_338956583201016155_n.jpg 394526556_3219713931663751_3674427280578974095_n.jpg 394531587_3219722744996203_1948886140476284271_n.jpg           


    Бозгашт