| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи  Кумита
    Ахбор

    Ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита             


                                              

    IMG_1506.jpg

    20 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С. ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти раёсату шуъбаҳо ва марказу муассисаҳои зертобеи Кумита дар давраи аз 1 то 17 ноябри соли 2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳисоботи таҳлилӣ аз тарафи сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Шукуров И. қироат карда шуд.

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳамчунин сардори Маркази стандартикунонӣ, методология ва меъёрҳои экологӣ Абдураҳимов Б. оид ба фаъолияти 9-моҳаи соли ҷории Маркази мазкур ҳисобот манзур намуд.

    Зимни баргузории ҷаласаи назоратӣ аз тарафи муовини якуми раиси Кумита масъалаҳои дар рӯзномаи ҷаласа гузошташуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини иҷро оид ба самтҳои марбутаашон пурсиш ба амал аварда, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани фаъолияти онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Пас аз натиҷагирию арзёбӣ гардидани масъалаи рӯзномаи ҷаласа, бо назардошти супоришҳои додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдор қабул гардид.


    Бозгашт