Ҷаласаи навбатии Кумита
24 октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдуқодир Мавлодод ҷаласаи навбатии ҳафтаинаи Кумита баргузор гашт. Дар он фаъолияти раёсату шуъбаҳо, марказҳо, муассисаҳои илмӣ ва дигар сохторҳои зертобеи Кумита дар ҳафтаи аз 17 то 21 октябр ва вазифаҳо барои ҳафтаи ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тибқи тартиби кори ҷаласа, муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Қосимова Г. оид ба фаъолияти ҳафтаинаи сохторҳо ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод намуд.
Муовини раиси Кумита масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла камфаъолиятии назоратии баъзе шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, рафти иҷрои супоришҳои протоколҳои қаблӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ ва супоришҳои ҳукуматӣ, дигар самтҳои фаъолияти марбутаи соҳавиро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дод. Дар баробари пурсишу масъалагузорӣ ҷиҳати тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани корбарию коргузорӣ ва ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дод.
Бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо ва супоришҳои аз ҷониби муовини раиси Кумита додашуда қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.