| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амали навбатии «Иқлими Сабз» дар доираи моҳи экологӣ

    Амали навбатии «Иқлими Сабз» дар доираи моҳи экологӣ                                                                                       


    Рӯзҳои 15-17 сентябри соли ҷорӣ дар “Green Wood House” воқеъ дар ш.Ҳисор бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии ташкилоти Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH дар чаҳорчӯби Моҳи «Амали Иқлими Сабз» барои эковолонтёрон, ки аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ш. Душанбе ва донишҷӯёни равияҳои экологии донишгоҳҳои пойтахт, ҷалб гардидаанд, дар доираи амалӣ гардондани “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 -2025” лагери экологӣ ташкил карда шуд. Мақсади ташкили лагери экологӣ рушди иқтидори зеҳнӣ ва баланд бардоштани донишҳои экологӣ мебошад.

    Пеш аз оғози дарсҳои омӯзишӣ “дар саҳни боғи “ Green Wood House” иштирокчиён бо ҳам ошноӣ пайдо намуда, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерии Кумита Гулрухсор Тиллоева ба иштирокчиён доир ба моҳияти лагери экологӣ ва дарсҳои омӯзишӣ ба иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

    Баъд аз гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ ба аъзоёни маҳфил дар расми ҷамъбастии лагери экологӣ, ки санаи 17 сентябр дар саҳни боғи “ Green Wood House” сурат гирифт, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З. С. ва директори Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон Сабине Ольтхоф иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамзамон ба иштирокдорон сертификатҳо супориданд.

      DSC_6888.jpg DSC_6748.jpg  


    Бозгашт