| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Спитамен
    Ахбор

    Амалиётҳои назоратӣ дар ноҳияи Спитамен             


                                              

    Спитамен 1.jpg

    Бо мақсади назорат ва ба танзим даровардани ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, пешгирии ҷойгиронии партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ, бахусус дар манбаҳои обӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтаззам амалиётҳои назоратӣ гузаронида мешавад.

    Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти назоратӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен ғайриқонунӣ партофтани партови сохтмонӣ дар лаби сой аз тарафи сокинони н.Спитамен Атабеков Миралӣ ва Хӯҷаматов Мақсудҷон ошкор гардид. 

    Ҳуқуқвайронкунандагон бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвай-ронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуданд, зеро онҳо талаботи моддаҳои 44,53 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”-ро риоя накарданд.


    Бозгашт