| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиётҳои назоратӣ дар самти замин
    Ахбор

    Амалиётҳои назоратӣ дар самти замин             


                                              


    Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбатии назоратӣ, дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷамоати деҳоти Ёваи деҳаи Чаманзор аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ошкор карда шуд, ки шаҳрванд Алиҷонзода В. бо нақлиёти боркаш поруҳои мурғро дар назди заминҳои аҳолинишин бо мақсади хушк намудан ғайрирасмӣ ҷойгир намуда, боиси ифлосшавии замин ва пайдошавии бӯйи ғализ гардидааст. Дар натиҷа нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 147 тартиб дода шуд.

    Ҳамзамон, нисбати шаҳрванди ноҳияи мазкур соҳибкори инфиродӣ Темиров Я.А. ҳолати ифлосшавии манбаҳои обӣ ва замин бо поруи хук аз фаъолияти фермаи хукпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ёваи деҳаи Боғи боло ошкор гардида барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров пешниҳод карда шуд.

    Нисбат ба соҳибкор парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 226, 228 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.

    Бозгашт