| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт
    Ахбор

    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт              

    Ашт хаво 1.jpg

    Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мутахассисони шуъбаҳои сарраёсат ва зерсохторҳо, дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуда истодааст.

    Чунин амалиёт дар Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт, шоҳроҳи Хуҷанд - Меҳробод гузаронида шуд, ки дар натиҷаи санҷиши аналитикӣ миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар 38 адад нақлиёти тамғаашон гуногун муайян гардид. Барои вайрон кардани меъёри стандартҳои давлатӣ ва барзиёд ихроҷ намудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера нисбати 4 нафар ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и ноҳия ирсол гардид.

    Бозгашт