| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт
    Ахбор

    Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт                   

                        

                                                                    

    изображение_viber_2023-04-28_12-37-14-551.jpg

    Тибқи нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт дар шаҳраки Шайдони ноҳияи мазкур амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилӣ аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуданд. Миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) дар онҳо муайян гардид.

    Дар натиҷа нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳияи Ашт ирсол карда шуд.

    Бозгашт