| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли 2022
    Ахбор

    Ҷамъбасти фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар 9 моҳи соли 2022                                                                                                            


            Ҳафтаи равон дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастӣ барои давраи фаъолият дар муддати 9 моҳи соли 2022 доир гардид.

             Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе фаъолияти Сарраёсатро таҳлил намуда, афзуд, ки ҷиҳати беҳдошти муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби шаҳрдорӣ пайваста қарорҳои дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода мешавад.

             Иттилоъ дода шуд, ки барои вайрон намудани қонунгузориҳои амалкунанда оид ба ҳифзи муҳити зист аз ҷониби нозирони Сарраёсат нисбати 1301 нафар шахсони воқеӣ ва мансабдор, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар якҷоягӣ бо нозирони шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбати 226 нафар шахсони воқеӣ протокол тартиб дода, парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуданд.

             Дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи «Тартиби ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва безарар гардонидани партовҳои сахти маишӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе», ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги шаҳрвандӣ, муомилот бо партовҳо дар шаҳраку маҳаллаҳо 62 суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати худдорӣ кардан аз рехтани партов дар ҷойҳои номуайян, тибқи реҷаи муайяншуда, яъне баъд аз соати 17 дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ҷойгир намудани партов, саҳмгузорӣ дар ҳашар ва аксияҳои экологӣ, тоза намудани гирду атрофи биноҳои баландошёна, таъмини тозагии маҳалли зист ва дигар масъалаҳои ба муҳити зист дахлдор гузаронида шуд.

             Дар ин давра ҷиҳати иҷрои Фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 37 маротиба аксияи “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуданд.

             Сардори Сарраёсат дар баробари корҳои анҷомдодашуда сардорони шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои И.Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансурро вазифадор кард, ки сари вақт баровардани партовро аз нуқтаҳои партовҷамъкунӣ зери назорати давлатӣ қарор дода, барои таъмиру азнавсозии нуқтаҳои партов, рангубори деворҳои иҳоташавандаи партовгоҳ, қуттиҳо ва насби навиштаҷоти таблиғотӣ дар муҳлати кутоҳтарин чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ суҳбату вохӯриҳоро бо сокинон доир намоянд.


    Бозгашт