| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Анҷоми иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид ва иҷлосияи махсус бахшида ба 50-солагии Барномаи муҳити зисти СММ
    Ахбор

    Анҷоми иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид ва иҷлосияи махсус бахшида ба 50-солагии Барномаи муҳити зисти СММ

    Тайи як ҳафтаи охир, аз 28 феврал то 4 марти соли 2022 дар Найробӣ, пойтахти Кения, чорабиниҳо таҳти сарпарастии Барномаи муҳити зисти СММ баргузор шуданд, ки ба баррасии масъалаҳои мубрами экологии ҷаҳон бахшида шудаанд.

    Ин чорабиниҳо дар шакли гибридӣ баргузор шуда, тақрибан 3000 иштирокчӣ мустақиман ва беш аз 1500 намояндаи созмонҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ғайриҳукуматиро маҷозӣ муттаҳид карданд.

    Дар рӯзҳои ниҳоии ин чорабиниҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои дигар, аз ҷумла, бо муовини вазири муҳити зисти Финландия хонум Терхи Лехтонен ва бо Сафири Швейтсария оид ба муҳити зист ҷаноби Франс Хавйер Перрес вохӯриҳо баргузор намуд.

    Дар рафти ин мулоқотҳои дуҷониба масъалаҳои асосии ҳамкории кишварҳои мо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла як қатор лоиҳаҳои дуҷониба дар доираи сохторҳои зертобеи Кумита баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба дастовардҳои охирини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст, зоҳир гардид.

    Дар рӯзи ниҳоӣ раиси Ассамблеяи муҳити зисти СММ ҷаноби Эспен Барт Эйде (вазири муҳити зисти Норвегия) қайд кард, ки дар ҷараёни ин Ассамблея имкон гашт, ки дар соҳаҳои гуногуни муҳити зист 14 созишнома, аз ҷумла лоиҳаи қатънома қабул карда шавад. "Дар бораи хотима додан ба ифлосшавии пластикӣ: дар роҳи ба даст овардани ҳуҷҷати байналмилалии аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ», ки баъдтар ба яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист табдил меёбад.

    Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ раёсати Ассамблея аз Норвегия ба раиси нави Ассамблеяи муҳити зисти СММ хонум Лейла Беналӣ, вазири интиқоли энергия ва рушди устувори Марокаш вогузор шуд.
     


    Бозгашт