| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҳашари дастаҷамъона дар кӯчаи марказии ноҳияи Шаҳринав
    Ахбор

    Ҳашари дастаҷамъона дар кӯчаи марказии ноҳияи Шаҳринав              


                                              


    24-уми июли соли равон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва раиси ноҳияи Шаҳринав ҷӯйбори канори роҳи кӯчаи ташрифотии автомобилгарди марказии ноҳия тариқи ҳашар тоза карда шуд.

    Аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроия, корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия дохили ҷӯйборҳо аз регу лой пок карда шуда, садди маҷрои ҷӯйбор бартараф карда шуд. 

    Дар ҷараёни иҷрои корҳои поксозӣ раиси ноҳия, масъулинро ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф ва андешидани тадбирҳои иловагӣ сафарбар намуда, дастур доданд, ки ба сифатнокии корҳои хеш диққати махсус зоҳир намоянд.

    image-25-07-23-04-51.jpeg image-25-07-23-04-51-14.jpeg image-25-07-23-04-51-15.jpeg              


    Бозгашт