| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи партовгоҳи ҷумҳуриявии заҳрхимикатҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон
    Ахбор

    Ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи партовгоҳи ҷумҳуриявии заҳрхимикатҳо дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон

    27 ноябри соли 2021 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон дар мавзеи партовгоҳи заҳрхимикатҳои ҷумҳуриявии ноҳия ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дар мавзеи мазкур беш аз 3 ҳазар бех ниҳоли дарахтони сояафкани ба иқлими гарм ва камобӣ тобовар шинонида шуданд.

    Дар ин тадбири кабудизоркунӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, кормандони соҳа аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят, ихтиёриёни ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” аз шаҳри Душанбе ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд. Иқдоми мазкур аз тарафи Дафтари Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамаҷониба дастгирӣ шуд.

    Шинонидани ниҳолҳо бо тартибу риояи қоидаҳои тавсиянамудаи мутахассисон ба роҳ монда шуда, барои таъмини нигоҳубини минбаъдаи онҳо аз масофаи наздик ба 5 км хатти об кашонида шудааст.

    Тавре масъулин иброз намуданд сабзиши ниҳолони шинонидашуда дар оянда метавонад барои таъмини беҳдошти муҳити зист ва зебоии ин мавзеъ мусоидат намояд.

    Бо ташаббуси Кумита баҳри ҳифзу беҳдошти муҳити атроф тавассути кабудизоркунӣ ҳамасола чунин тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуда, дар баробари шафати роҳҳо, боғу гулгаштҳо, оромгоҳҳо, ҳамзамон дар ҳудуди чунин мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда низ ниҳолони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад.

      


    Бозгашт