| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Ҳашари ниҳолшинонӣ дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш
    Ахбор

    Ҳашари ниҳолшинонӣ дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш                      

    1670818081085.jpg

    Санаи 10 декабри соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. дар партовгоҳи заҳрхимикатҳо воқеъ дар минтақаи Ташурободи н. Вахш ҳашари ниҳолшинонӣ бо ҷалб ва иштироки роҳбарону мутахассисони шуъбаву бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, волонтёрони Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф”, намояндагони марказҳои Орхуси шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

    Иқдоми мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дастгирии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе пеш гирифта шуд.

    Дар давоми чорабинӣ аз ҷониби ҳашарчиён 1500 бех ниҳоли дарахтони мутобиқ ба иқлими ин мавзеъ шинонида шуд. Дар ҳашари ниҳолшинонӣ сардори шуъбаи муҳити зисти Департаменти Иқтисодию экологии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе Муҳаббат Камарова иштирок дошт. Масъулони партовгоҳи заҳрхимикатҳои н. Вахш зимни вохӯрӣ иброз доштанд, ки барои сабзиши ниҳолҳо саъю талош хоҳанд кард.

    Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақсади чораҳои мутобиқсозӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳама гӯшаву канори мамлакат дар оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ тасмим гирифтаанд, ки вобаста ба иқлими мавзеъ навъи дарахтонро интихоб намуда шинонанд.

    Бозгашт