| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кардани воситаҳои нақлиёти барқӣ ба кишвар
    Ахбор

    Аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кардани воситаҳои нақлиёти барқӣ ба кишвар

    Санади мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баён доштанд, аз ҷумла ҷиҳати аз пардохтҳои андозӣ ва боҷҳои гумрукӣ пурра озод кардани воситаҳои нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳо таҳия гардидааст.

    Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” санаи 14 марти соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум гардид.

    Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Қайд карда шуд, ки бо мақсади рушди самараноки иқтисоди “сабз”, истифодаи васеи манбаъҳои дигари энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, зиёд гардонида шавад.


    Бозгашт