| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
    Ахбор

    Баргузории аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ               


                                              


    Тибқи фармоиши раиси Кумитаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори раиси ноҳия дар бораи гузаронидани аксияҳои “Тозагии роҳ”, “Тозагии маҳал” ва  “Тозагии соҳил” дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон шафати роҳи Душанбе – Турсунзода аксияи “Тозагии роҳ” бо иштироки 126 нафар дар дарозии 700 метр шоҳроҳи мазкур тоза карда шуда, миқдори 3 метри куби партовҳо бароварда шуд. Дар шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат бо иштироки 71 нафар сокинон ба масофаи 700 метр ба миқдори 4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.

    Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Гулистон аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки 138 нафар баргузор гардида, 500 метри кӯчаҳо аз ҳар гуна партовҳо тоза карда шуда, 3 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.

    Дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод дар соҳили дарёи Элок аксияи “Тозагии соҳил” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 60 нафар сокинони деҳа иштирок намуда, 400 метр аз партовҳои маишӣ ва полиэтиленӣ тоза карда, 5,0 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

    Ҳамзамон, доир ба иҷрои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ барои солҳои 2021-2025” аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ бо кормандони муассисаи фарҳанги ноҳия дар мавзуи “Маърифати экологӣ” суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.

    гулистон махал.jpg гулистон шохрох.jpg чд гулистон шохрорх.jpg чд чоряккорон.jpg           


    Бозгашт