| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор
    Ахбор

    Баргузории аксияҳои экологӣ дар шаҳри Ҳисор             


                                              

    Рисунок Хисор 2.jpg

    Ҷиҳати иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои амри раиси шаҳри Ҳисор дар бораи гузаронидани аксияҳои “Тозагии соҳил”, “Тозагии маҳал” ва “Тозагии шоҳроҳ” дар соли 2023 бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор санаи 25 ноябри соли 2023 дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳисор гирду атрофи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо иштироки 400 нафар омӯзгорону хонандагон аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” гузаронида шуда, ҳаргуна партовҳо аз дохили ҷӯйҳои обгузар ва гирду атрофи муассисаи мазкур ҷамъоварда шуданд.

    Инчунин, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сокинону фаъолон аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии шоҳроҳ” гузаронида 1,2 м3 партовҳо аз ҷӯйҳои обгузар ва шафати шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор – Турсунзода ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.

    Дар рафти баргузории ҳашари дастаҷамъона, аз тарафи иштирокчиён зиёда аз 500 м дохили ҷӯйҳо, шафати роҳҳои маҳаллии ҳудуди ҷамоатҳои дар боло зикргардида ва шафати шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор – Турсунзода аз ҳаргуна партовҳо тоза гардида, ҳамагӣ 4,2 м3 партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуданд.


    Бозгашт