| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории аксияҳои “Тозагии роҳ” дар ноҳияи Шаҳритус
    Ахбор

    Баргузории аксияҳои “Тозагии роҳ” дар ноҳияи Шаҳритус            

    sHAHRITUZ 20052022.jpg

    Бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани шафати шоҳроҳи мошингузари Шаҳритус - Носири Хусрав бинобар сабаби баргузор гардидани Марафони дав бахшида ба чорабиниҳои дарпешистодаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки аввалҳои моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, бо ҷалби сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи мазкур аксияи экологии “Тозагии роҳ” баргузор намуд.

    Дар баргузории аксияи мазкур се адад техникаи боркаши навъи “Камаз” сафарбар гардида, дар натиҷа ду тарафи шоҳроҳи “Шаҳритус – Носири Хусрав ва маҳалҳои аҳолинишини шафати шоҳроҳи мазкур аз ҳаргуна партовҳо тоза ва партовҳои ҷамъоваришуда ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуданд.

    Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус корҳои назоратӣ ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани хатсайри Марафони дав ба роҳ монда шудааст.


    Бозгашт