| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории  аксияи "Тозагии маҳал" дар ноҳияи Дӯстӣ
    Ахбор

    Баргузории аксияи "Тозагии маҳал" дар ноҳияи Дӯстӣ                                                                                                    

    дусти тозагии махал.jpg

    1-уми октиябри  соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои нақша - чорабниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашнҳои дарпешистода аз ҷумла Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин 35- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоату деҳоти он   аксияи "Тозагии маҳал" гузаронида шуд.

     Дар ин аксияи мазкур  кормадони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва ҳамчунин сокинон фаъолона иштирок намуда, канори роҳҳо, ҷӯйборҳои обгузар, кӯчаву маҳаллаҳоро аз партов тоза намуда, инчунин гирду атрофи дарахтони сояафкан пурра сафед карда шуд.

     Таввасути техникаи идораи хоҷагии  манзилию коммуналии ноҳия партовҳо ба партовгоҳи ноҳияи Дӯстӣ кашонида шуданд.

    Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ Файзиддин Умаров дар суҳбат иттилоъ дод, ки чунин тозакориҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри ҳифзи муҳити зисту атроф дар ноҳияи Дӯстӣ ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ гузаронида мешавад.


    Бозгашт