| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории ҷаласаи машваратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Суғд
    Ахбор

    Баргузории ҷаласаи машваратии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

    Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., гурӯҳи кории Кумита, сардори сарраёсат ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷаласаи машваратӣ доир гардид.

    Дар ҷаласаи машваратӣ натиҷаи санҷиши комплексии фаъолияти сарраёсат ва зерсохторҳои он дар ҳашт моҳи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

    Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, ки дар рафти санҷиши комплексӣ ошкор гардидаанд, супориш дод.  

    Ҳамчунин ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳо, дар муҳлатҳои муқарраргардида гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ, омода ва пешниҳоди анкетаи нозирон, иҷрои бандҳои қарори Мушовара, харидорӣ намудани  колбаҳои ҷамъкунандаи симоб барои таҷҳизоти коркарди лампаҳои каммасрафи аз истифода баромадаи ҶҚ “Чароғ” , рафти иҷрои Барномаҳои  соҳавӣ  супоришҳои мушаххас дода шуд.

     

    
    Бозгашт