| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
    Ахбор

    Баргузории ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита

    14 марти соли 2022 ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаи қаблии сохторҳои тобеи Кумита ва супоришҳо барои ҳафтаи аз 14 то 19 марти соли ҷорӣ баргузор гашт.

    Пас аз ифтитоҳи кори ҷаласа аз ҷониби раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон сардори Раёстаи мониторинг, сиёсати экологӣ, кадастр ва обуҳавошиносӣ Шукуров Исфандиёр бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти ҳафтаинаи мақомоти соҳавиро бо назардошти камбудию норасоиҳои ҷойдошта иброз дошт.

    Аз рӯи масъалаи мазкури рӯзномаи ҷаласа раиси Кумита Шерализода Б.А. омилу сабабҳои камбудиҳо дар самтъҳои фаъолияти назоратӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назарро аз масъулони сохторҳои дастгоҳи марказӣ пурсон шуд. Ба масъулон дастур дода шуд, ки барои ба камбудиҳо роҳ надодани мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати корбарии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

    Ҳамзамон раиси Кумита барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба масъулони соҳавӣ ҷиҳати баргузории ҳашару шанбегиҳо ва тозаву озода намудани муҳити зист дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

     


    Бозгашт