| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории чорабиниҳои экологӣ бахшида ба таҷлили ҷашнвораи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус
    Ахбор

    Баргузории чорабиниҳои экологӣ бахшида ба таҷлили ҷашнвораи Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар ноҳияи Шаҳритус


    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бахшида ба 50-умин солгарди Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист 5-июн, бо ташаббуси бахш дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳритус аксияҳои экологии “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” ва “Тозагии роҳ”-ро ташкил ва баргузор намуд. Дар чорабиниҳои мазкур кормандони корхонаву ташкилотҳои гуногун ва аҳолии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

    Дар аксияҳои мазкур ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, соҳили дарёву каналҳо ва шафати роҳҳои мошингузари ноҳия аз ҳар гуна партовҳо ва хасу хошокҳо тоза карда шуда, партовҳои ҷамъоваришуда ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.

    Инчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиби ҷашни экологӣ, ҷиҳати огоҳонидан ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, ҳисси табиатдустдории ҷавонону наврасон аз тарафи бахш баннери тарғиботӣ омода гардида, дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳия насб карда шуд.

    Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус дар оянда низ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди ноҳия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

      шаҳритус 06ю06ю2022.jpg шаҳритус 06ю065852022.jpg


    Бозгашт