Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар чор ҷамоати деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба гузаронидани аксияҳои экологӣ аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 августи соли ҷорӣ дар чор ҷамоати деҳоти ноҳияи мазкур аксия баргузор гардид.
Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои кӯчаи Беҳрӯзи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки 45 нафар сокинон 50 метр ҷӯйбори бетонӣ тоза карда шуда, 1, 2 м3 партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуданд. Ҳамчунин, дар деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Турсунзода 75 метр ҷӯйбори бетонӣ тоза карда шуд, ки дар чорабинии мазкур 60 нафар сокинони маҳал иштирок намуданд ва партовҳои баровардашуда 1,5 м3-ро ташкил доданд.
Гузашта аз ин, чунин аксия дар деҳаи Қиблаии ҷамоати деҳоти Қиблаӣ гузаронида шуда, дар рафти он 70 нафар сокинони деҳаи мазкур иштирок намуда, 300 метр роҳҳои пиёдагард ва мошингардро аз партов тоза намуданд ва 3 м3 партовҳо ба ҷойи муайян бароварда шуданд. Инчунин, ҳамин гуна аксия дар ҷамоати деҳоти Чоряккорон дар деҳаҳои Меҳробод ва Обшорон бо иштироки 31 нафар сокинони деҳаҳои номбурда гузаронида шуд, ки дар рафти баргузории он 200 метр роҳҳои маҳалла аз партовҳо тоза карда шуда, ба миқдори 2,3 м3 партовҳо ба ҷойи муайян интиқол дода шуданд.