| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории чорбинии канорӣ «Идоракунии ҳамгирошудаи замин ва об дар асоси экосистема барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» дар Павилиони миллӣ
    Ахбор

    Баргузории чорбинии канорӣ «Идоракунии ҳамгирошудаи замин ва об дар асоси экосистема барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» дар Павилиони миллӣ            

    17 ноябри соли ҷорӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (БРСММ) чорабинии канорӣ дар мавзуи «Идоракунии ҳамгирошудаи замин ва об дар асоси экосистема барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» дар Павилиони миллӣ, ки аз ҷониби Кумитаи мазкур дар доираи Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) дар Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии Мисри Араб ташкил гардид, баргузор намуданд.

    Дар чорабинии мазкур аҳамияти идоракунии маҷмӯии захираҳои табиӣ барои ноил шудан ба мутобиқшавии устувор ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид. Инчунин, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, Фонди Мутобиқсозӣ ва БРСММ роҳҳои ҳалли тезонидани мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири он барои суръат бахшидан ба рушди устуворро муҳокима намуданд.

    Ҳамзамон, дар доираи чорабинии канорӣ менеҷери лоиҳаи БРСММ «Равиши ҳамгирошудаи ландшафтӣ барои баланд бардоштани устувории деҳқонони хурд ва чорвопарварон ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» Немонов Ғ. оид ба аҳамияти идоракунии маҷмӯии захираҳои табиӣ барои ноил шудан ба мутобиқшавии устувор ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим рӯнамо пешниҳод намуд.

    Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода А. ва муовини сардори Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумита Муродов Т. низ иштирок ва суханронӣ намуданд.   

    photo_2022-11-17_16-47-51.jpg photo_2022-11-17_16-47-53.jpg photo_2022-11-17_16-48-04.jpg    

     


    Бозгашт