| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории маҳфили экожурналистон дар Боғи табиии таърихии “Ширкент” дар шаҳри Турсунзода
    Ахбор

    Баргузории маҳфили экожурналистон дар Боғи табиии таърихии “Ширкент” дар шаҳри Турсунзода               


                                              


    Тибқи нақшаи ташкил ва баргузории клуби экожурналистони  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 санаи 27 майи соли 2023 маҳфили экожурналистон дар Боғи табиии таърихии “Ширкент” дар шаҳри Турсунзода баргузор гашт баргузор гашт.

    Беш аз 20 нафар эъзои клуб нахуст шуда ба мавзеи Боғи табиии таърихии “Ширкент”  ташриф оварда, аз манзараҳои афсонавӣ, аз ҷумла изи динозаврҳо аз наздик ошно шуданд.

    Сипас, бо аъзои маҳфил масъулни  МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва Боғи табиии таърихии “Ширкент”оид ба фаъолияти кунунӣ, дастоварду навгониҳои солҳои охири мавзеи мазкур ба таври муфассал маълумот доданд.

    Клуби экожурналистони  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзоёни он намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошанд, моҳе як маротиба бо ташаббуси  Кумитаи мазкур гиди ҳам ҷамъ шуда,  аз фаъолияти самҳои мақомоти соҳавӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва муаррифии мавзеъҳои дилрабои Ватани азизамон  маълумоти фаровон дастрас менамоянд.

    IMG_8608.jpg IMG_8833.jpg IMG_8664.jpg IMG_8730.jpg

     IMG_8744.jpg           


    Бозгашт