| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории машварати миллӣ оид ба густариши сиёсати иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ
    Ахбор

    Баргузории машварати миллӣ оид ба густариши сиёсати иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ                                    

    IMG_0799.JPG

    Санаи 8 июни соли равон дар толори маҷлисии меҳмонхонаи “Руми”-и шаҳри Душанбе “Машварати миллӣ оид ба ба густариши сиёсати иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мутахассисони соҳавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи амалигардонии Марҳилаи II Лоиҳаи “Амалҳои сиёсӣ оид ба таъмини бехатарии иқлим дар Осиёи Миёна” бо дастгирии Барномаи рушди СММ (UNDP) ва Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба ҳамкорӣ ва рушд (FCDO) дастгирӣ ёфт.

    Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ҷураев Абдусалим кушоданд. Дар рафти суханронӣ Ҷураев А. сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба масъалаи тағйирёбии иқлим, чораҳои амалишаванда ва нақшаҳо гуфта гузаштанд.

    Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ Сара Оптиз-Стэплтон ва Викрам Панвар натиҷаҳои татқиқоти вобаста ба “Идоракунии хатарҳои иқлимӣ барои ҳифзи Ҳадафҳои энергияи сабз: бозёфтҳои асосӣ ва тавсияҳо” ва “Имкониятҳо ва манфиатҳои муштараки гузариш ба иқтисоди камкарбон дар Точикистон” баррасӣ гардиданд.

    Баъд аз баррасии масьалаҳои болозикр муҳокимаи озод ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.


    Бозгашт