| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баргузории шанбегии дастаҷамъӣ дар Кумита
    Ахбор

    Баргузории шанбегии дастаҷамъӣ дар Кумита

    30 апрели соли ҷорӣ дар арафаи идҳои дарпешистода дар саҳни бинои марказии Кумита бо иштироки кормандон шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар рафти баргузории шанбегӣ иштирокдорон ба корҳои тозагиву озодагӣ ва сабзу хуррамгардонии ҳудуди ҷои кори худ машғул гардида, баҳри ободии муҳити зист саҳм гузоштанд.

    Баргузории чунин шанбегиҳои дастаҷамъона дар мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист низ роҳандозӣ гардид. Чунин корҳои беҳдоштӣ, ки ба манфиати инсону замин аст, ба ҳукми анъана даромада, пеш аз ҳар як иду ҷашнҳои гуногунсатҳ рӯи даст гирифта мешавад ва баргузории он аз ҷониби аҳолии мамлакат ҳамовозӣ пайдо намуда, кулли аксари мардум дар ин чорабиниҳои экологӣ фаъолона иштирок менамояд.


    Бозгашт