| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Барои иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ
    Ахбор

    Барои иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ                                                                       


    Дар доираи ҷадвали муштараки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба тақвияти фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо" ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 июли соли 2022 бо иштироки масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби кормандони ҷавон, вохӯрӣ доир гардид.

    Дар вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон - Ҳусензода Фаридун, сардори Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Кумитаи ҳифзи муҳити зист - Салимзода Шамсулло ва муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - Суруши Доробӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

    Зимнан, аз ҷониби масъулин вобаста ба фаъолият ва вазифаҳои оинномавии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дастовардҳои ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҳамзамон ҳисоботи намояндаи ҷавонон ва варзиши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мирзоев Матин, вобаста ба фаъолияти ҷавонони Кумита, шунида шуд.

    Масъулин бо боварии том иброз намуданд, ки дар ҳамбастагӣ баҳри тақвият бахшидан ба фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тамоми саъю кушишро ба харҷ дода, дар оянда низ баҳри татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамкориҳоро ба роҳ хоҳанд монд.

     IMG_6267.jpg  IMG_6273.jpg  IMG_6269.jpg


    Бозгашт