| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Баррасии масъалаҳои истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об дар барномаи ток - шоу-и радиои “Садои Душанбе”
    Ахбор

    Баррасии масъалаҳои истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои об дар барномаи ток - шоу-и радиои “Садои Душанбе”

                                                                    

    1 март Садои Душанбе.jpg

    Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ва эълон гаштани  соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар студияи радиои “Садои Душанбе” санаи 2 марти соли равон барномаи Ток - шоу таҳти унвони “Дурнамо” бо иштироки мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист – Мирсаид Раҳимов, сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, Ҷаҳонгир Абдулов, ҷонишини сардори МД Маркази илмӣ-тадқиқотии захираҳои об ва Ҷамолиддин Яқубов, сардори Маркази Орхус ба тариқи мустақим пахш гардид.

    Масъули барнома Дилбар Исматова бо ҳамсуҳбатон роҷеъ ба моҳияти эълон гаштани cоли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, нақша-чорабиниҳои Кумита бахшида ба пешвози Рӯзи ҷаҳонии об, корҳои илмӣ ва таблиғотии аз ҷониби масъулони зермуассисаҳои Кумита гузаронидашаванда давоми 40 дақиқа суҳбати муфидеро анҷом дод.

    Қайд кардан ҷоиз аст, ки ташкилу баргузор  кардани чунин барномаҳои маърифатӣ  дар баланд гаштани сатҳи огоҳонии радиошунавандагон нисбати истифодабарии оқилона  ва ҳифзи захираҳои об нақши калидӣ мебозад.

    Бозгашт