Баррасии такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 1-уми октябри соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба таҳияи лоиҳаҳои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи расмиёти розигии пешакии асоснок оид ба моддаҳои кимиёвӣ ва пеститсидҳои хатарноки алоҳида дар савдои байналмилалӣ», лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»» ва «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»», дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ ва пурзӯр намудани назорати давлатии соҳа баён доштанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ва қабули онҳо метавонад дар татбиқи самараноки сиёсати экологии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.