| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • КОНФРОНСИ ТАРАФҲО 27
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
    Ахбор

    Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд                     

    Санаи 24 ноябри соли 2022 кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд, ки он ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

    Ҳамзамон, дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат бахшида ба ин санаи муҳими сиёсӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева М.Х. ва роҳбарияту кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

    Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади ҳамун рӯзи ид муайян гардидани санаи 24 ноябр ва дар тақвими иду ҷашнвораҳои миллии кишварамон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт гаштани боз як санаи таърихӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокдорон ёдоварӣ намуд.

    Сипас, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯрунбоева М.Х. бобати моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» ва таърихи парчам ибрози ақида намуд. Дар интиҳои маҷлис сардори сарраёсат Ҳакимзода А. бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба ҳамаи иштирокдорон табрику муборакбод гуфта, ба меҳмон барои ташриф миннатдорӣ баён намуд.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур чорабиниҳои таблиғотӣ доир гардиданд.

    Бозгашт