| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳои пешгирии ихроҷи моддаҳои зараровар ба  ҳавои атмосфера дар шаҳри Конибодом
    Ахбор

    Чорабиниҳои пешгирии ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Конибодом   

                         

    IMG-a7473b03c2e16aaea8ac781d59359343-V.jpg

    Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд баргузор намудани амалиёти «Ҳавои тоза» яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии ҳавои атмосфера ба ҳисоб рафта, чунин амалиётҳо дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ВКД Љумҳурии Тоҷикистон давоми сол мунтазам гузаронида мешаванд.

    Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера кормандони шуьбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбороту иттилооти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом, якҷоя бо намояндагони шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД-и Љумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суѓд амалиёти «Ҳавои тоза»-ро дар роҳи нақлиётгарди байни маркази шаҳр ва ҷамоати деҳоти Патар гузарониданд. Дар рафти амалиёт 40 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун, ҷиҳати муайян намудани миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёте, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба ҳавои атмосфера барзиёд ихроҷ намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба ШБДА-и шаҳр ирсол гардид.


    Бозгашт