| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Чорабиниҳои тарғиботӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ дар ноҳияи Дӯстӣ
    Ахбор

    Чорабиниҳои тарғиботӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

    Баҳри татбиқи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар маҳалҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои тарғиботӣ гузаронида шуд.

    Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо вусъат додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, иттилоотонии аҳолӣ бо вазъи муҳити зист, ҳалли мушкилотҳои экологии ноҳия ва баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолӣ мебошад.

    Инчунин тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкили барномаю намоишҳо баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, анҷом додани вохӯрию суҳбатҳо ба нақша гирифта шудааст.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва татбиқи Барномаи мазкур таҳти назорати доимии мақомоти соҳа қарор дорад.


    Бозгашт