Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита
31 октябри соли 2022 ҷаласаи назоратии Кумита оид ба натиҷаҳои фаъолияти моҳи октябри сохторҳои Кумита ва зерсохторҳои он ва супоришҳо барои моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гашт.
Пас аз ифтитоҳи кори ҷаласа аз ҷониби муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Қосимова Г. бо маърӯзаи ҳисоботии таҳлилӣ баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти моҳонаи мақомоти соҳавиро пешниҳод намуд.
Сипас, вобаста ба масъалаҳои ҳисоботии маърӯзачӣ муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. масъалаҳои ҷории фаъолияти сохторҳоро аз масъулон пурсон шуда, дар ин баробар барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта оид ба пешбурди назорати давлатӣ ва дигар самтҳои марбутаи фаъолияти сохторҳои соҳавӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, вобаста ба баррасии масъалаҳои ҷорӣ, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдор қабул карда шуд, ки барои корбарӣ ба масъулони дахлдори соҳавӣ фиристода мешавад.