| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита
    Ахбор

    Дар ҷаласаи навбатии ҳарҳафтаинаи раиси Кумита

    29 марти соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи навбатӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҳафтаи қаблӣ баргузор гардид.

    Дар ҷаласа рӯзҳои баргузории ҷаласаҳои сохторҳои зертобеи Кумита барои натиҷагирии фаъолияти 3-моҳаи якуми соли 2022 муайян карда шуд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба масъалаҳои ҷорӣ суханронӣ намуда, ба сохторҳо вазифа гузошт, аз ҷумла таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои ҷаласаҳои мушовара, ҷаласаҳои ҳарҳафтаинаи раиси Кумита, дигар супоришҳои додашуда, ҳолати иҷрои онҳоро аз масъулини иҷро пурсон шуд.

    Ҳамзамон, дигар масъалаҳои вобаста ба амалишавии дурнамои стратегияҳо, лоиҳаю барномаҳо, корбарӣ оид ба таҳияи Китоби сурх, ба роҳ мондани курсҳои бозомӯзӣ байни кормандон, омодагӣ ба чорабиниҳои экологӣ, сохтмони баъзе аз иншооти маъмурии мақомоти зертобеъ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

    Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида супоришҳо дода, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо ва нишон додани муҳлати иҷрои онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.



    Бозгашт