| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Кумита
    Ахбор

    Дар маҷлиси ҳарҳафтаинаи Кумита 

                                                                    

    IMG_8021.jpg

    13 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисии дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳарҳафтаинаи мақомоти мазкур баргузор гардид. Дар маҷлис сардорони воҳидҳои сохтории Кумита ва сохторҳои он иштирок намуданд.

    Тибқи тартиби кори маҷлис оид ба фаъолияти Кумита дар ҳафтаи аз 6 то 11 марти соли 2023 дар назди муовини якуми раиси Кумита Қиёмзода З. С. муовини сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Қосимова Г. С. оид ба фаъолияти индавраинаи сохторҳои марбута ба таври муфассал ҳисобот дод.

    Сипас, вобаста ба ҳисоботи пешниҳодшуда масъалаҳо оид ба пешбурди фаъолияти сохторҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуда, бо назардошти пурсишу пешниҳодҳо барои ҳафтаи навбатӣ ба масъулони иҷро супоришҳои мушаххас дода шуд.

    Бозгашт