Дар маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”-и Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
14 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маҷлис, ки таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло баргузор гардид, тибқи рӯзнома 4 масъала мавриди баррсӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якум “Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда” шунида шуд.
Масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, ки “Дар бораи интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ” буд, бо пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ҳизбии мазкур Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон-раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”-и Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Саидов Суҳбатулло Мирзоевич муовини раиси ташкилоти болозикр интихоб карда карда шуданд.
Масъалаи дигари маҷлис “Интихоби вакилон бо Конференсияи ХХХХ11” ҳисоботӣ-интихоботи ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе”, ки барои иштирок ба конференсияи мазкур Шерализода Б. А. раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”-и Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоб карда шуд.
Сипас, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло суханронӣ намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ободонию созандагӣ баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии Ватани азизамон, ки марому мақсади Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон аст, ибрози андеша намуданд.
Дар охир, вобаста ба ҳар як масъалаи дар рӯзномаи маҷлис баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.