| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Дар шаҳри Душанбе Муҷассамаи “Истиқлолияти давлатӣ” барпо шуд
    Ахбор

    Дар шаҳри Душанбе Муҷассамаи “Истиқлолияти давлатӣ” барпо шуд 

    Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2021, №56 Муассисаи давлатии “Майдони Истиқлол”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони 30 га таъсис дода шуд.

    Дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои пойтахт рӯз то рӯз беҳтару хубтар гашта, иншооти бунёдшаванда дар доираи талаботҳои меъмориву шаҳрсозӣ бунёд гардида истодаанд.

    Тибқи маълумотҳои мавҷуда, дар давоми солҳои охир 67 адад боғу гулгаштҳо, аз ҷумла 11 адад боғҳои фарҳангу фароғатӣ бунёд ва азнавсозӣ гашт.

    Дар маркази пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе иншооти “Муҷассамаи истиқлол” тибқи лоиҳа ва бо тарзи замонавӣ бунёд ёфт, ки ҳамчун рамзи истиқлол, таҷассумгари давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб ёфта, барои баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон нақши муҳим мебозад.

    Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар иншооти мазкур тибқи лоиҳа амалӣ гашта, дар минтақаҳои алоҳидаи иншоот 20 намуди дарахтони ороишию сояафкан бо теъдоди умумии 7512 бех ва 5374 бех буттаҳои фатиния шинонида шуд.

    Ҳамчунон дар қисмати шимолии иншоот зиёда аз 70 000 бех гулҳои садбарги навъҳои баландсифат бо дизайну композитсияҳои муосир шинонида шуда, ба миқдори 820 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

    Бозгашт