| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Фаъолияти Кумита дар 9 моҳи соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд
    Ахбор

    Фаъолияти Кумита дар 9 моҳи соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд               


                                              


    9 октябри соли 2023 ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии фаъолияти мақомоти мазкур ва зерсохтори он дар 9-моҳаи соли 2023 бо иштироки сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, МД «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, дигар роҳбарони ташкилотҳои низоми Кумита ва лоиҳаҳои татбиқшаванда баргузор гардид.

    Аз рӯи масъалаи рӯзномаи ҷаласа муовини раиси Кумита Мавлодод А. М. бо маърӯзаи таҳлилӣ баромад намуд.

    Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар ВМКБ Назаралиев М., Суғд Ғуфронзода А., Хатлон Саидзода И., Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб Соҳибов Қ., Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Л., ҳамчунин сардорони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти сохтори худ дар давраи ҳисоботӣ ба маърӯзаи ҳисоботӣ баромад намуданд.

    Раиси Кумита Шерализода Б. А. оид ба ҷузъиёти ҳар як самти фаъолияти соҳавии назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, фаъолияти дигар марказу муассисаҳои зертобеи Кумита бо таҳлилу муқоисаҳо баромад намуда, сабабу омилҳои назаррас набудани баъзе нишондодаҳои сохторҳоро дар ҷойҳо аз масъулон пурсон шуд. Қайд карда шуд, ки дар баробари дастовардҳо, инчунин камбудиҳо ба назар мерасанд.

    Инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи нозирон, супориш дода шуд, ки санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, нишондодҳои методӣ дар шакли китобча омода ва барои нозирон тақсим карда шавад.

    Масъулони иҷро сабабу омилҳои болозикрро ба раиси Кумита шарҳ дода, баён доштанд, ки оид ба ҳамаи эродҳои дар самтҳои марбута гирифташуда чораҳои таъхирнопазир андешиданд.

    Ҳамзамон, раиси Кумита самаранокии фаъолияти нозирони соҳавӣ, аз ҷумла сардорони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани корбарию коргузорӣ дар иҷрои ваколатҳояшон ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.

    Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа, бо инобати супоришҳои додашуда ва таклифу  пешниҳодҳо қарори ҷаласаи мазкур қабул гардида, барои бурдани назорат ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ ба масъулони иҷро фиристода мешавад.

    IMG_1041 (1).jpg IMG_1050 (1).jpg IMG_1084 (1).jpg           


    Бозгашт