| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Форуми дуюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2024
    Ахбор

    Форуми дуюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир - 2024             


                                              

    20240930_161715.jpg

    Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон «Форуми дуюми ҷавонон оид ба ҳавзаи дарёи Сир-2024» бо дастгирии шарикони рушд ва мусоидати Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти дар вилояти Суғд, Маркази таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят ва идоракунии захираҳои оби минтақаҳои ҳавзаи Сирдарё баргузор гардид.

    Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба идоракунии маҷмӯии захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.

    Форуми мазкур дар чаҳорчӯбаи татбиқи «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии рушди Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад ва баҳри амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» доир карда шуд.

    Бояд қайд кард, ки дар форуми мазкур аъзоёни ҳаракати «Нозирони сабз» аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо омӯзгорон ва роҳбарони се ташкилоти ҷамъиятӣ бо як гурӯҳ аъзоёни фаъоли ҳаракати «Нозирони сабз» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар маҷмуъ беш аз 300 нафар иштирок доштанд.

    Тибқи барнома хонандагон аз дастаҳои «Нозирони сабз» бо машқҳои амалӣ ва омӯзишӣ машғул шуда, инчунин ролик ва рӯйнамоҳои нақшаҳои кории яксолаи худро ба ҳозирин пешниҳод намуданд.

    Дар интиҳо ба меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони се ташкилоти ҷамъиятие, ки бо татбиқи лоиҳаҳои экологӣ корбарӣ менамоянд, аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

    Соли 2025 баргузории чунин форуми сеюм дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ карда шудааст.


    Бозгашт