| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Иқдоми ниҳолшинонии навбатӣ, таҳти шиори “Дарахти дӯстӣ биншон” дар шаҳри Душанбе
    Ахбор

    Иқдоми ниҳолшинонии навбатӣ, таҳти шиори “Дарахти дӯстӣ биншон” дар шаҳри Душанбе

    Санаи 12 марти соли ҷорӣ дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз бо мақсади дастгирии ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе иқдоми навбатии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуд.

    Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи таҷлили 30-умин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистону Швейтсария гузаронида шуд.

    Дар чорабинии мазкур, ки дар МД Боғи форҳангу фароғатии “Кӯли ҷавонон” таҳти шиори “Дарахти дӯстӣ биншон” ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита ва мақомоти зертобеи он дар шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагии СҲШ дар Тоҷикистон ва беш аз 150 нафар ризокорони ҳифзи муҳити зист ва созмондиҳандагони Агентии Оғохон оид ба макони зист (AKAH) ширкат варзиданд. Дар аксия беш аз 300 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз дар қитъаҳои муайяни боғи мазкур шинонида шуд.

    Зимни суханронии ифтитоҳи, муовини Директори Дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Ричард Шеневар қайд кард, ки “Таҷлили солгарди равобити дипломатӣ аз шинонидани дарахтон оғоз шуд, ки рамзи равобити мустаҳкам ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар аст.

    Ҳамзамон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки “Ин иқдоми нек ба беҳбудии вазъи экологӣ, санитарию гигиенӣ, муҳити зист, ташаккули ҳавои тоза ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

    Кумита бо назардошти дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудани иқдоми мазкур тасмим дорад, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳои экологиро бо мақсади сабзу хуррам гардонидани муҳити зист, ба хусус дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шарикони рушд роҳандозӣ намояд.

        


    Бозгашт