| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Идомаи  бозиҳои тоза баҳри беҳдошти муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ
    Ахбор

    Идомаи бозиҳои тоза баҳри беҳдошти муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ               


                                              


    Марҳилаи дигари бозиҳои тоза, ки ҳамчун таҷрибаи мусбат дар  Арманистон, Молдова, Қирғизистон, Узбакистон, Беларус, Абхозистон, Қазоқистон ва ноҳияҳои гуногуни Русия доир мегардад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

    Ин бозӣ аз тозакунии муқаррарии муҳити зист  аз  он ҷиҳат фарқ мекунад, ки он ба таври шавқовару даставӣ гузаронида шуда, бо мукофотдиҳии  ғолибон ҷамъбаст мегардад. Ин ҷанба барои ғамхории насли наврас нисбат ба табиат, ҳавасмандӣ ва саҳмгузории онҳо дар тозагии муҳити зист мусоидат менамояд.

    Дар марҳилаи навбатии бозиҳои тоза, ки бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони марбутаи рушд ҷараён гирифт, дар шаҳрҳои Душанбе, Истиқлол, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанди вилояти Суғд, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳринав дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

    Дар чорабинии мазкур аз тарафи иштирокдорон ҷодаҳо аз навъҳои гуногуни партов тоза гардида, гуруҳҳои фаъол бо туҳфаҳои хотиравии ташкилкунандагони бозиҳои тоза қадрдонӣ карда шуданд.

    photo_2024-09-28_17-25-04.jpg photo_2024-09-28_17-25-04 (2).jpg photo_2024-09-28_19-11-38.jpg  DSCF5693.JPG 

    IMG_6166.JPG photo_2024-09-28_18-14-21 (2).jpg 20240928_111849.jpg IMG_6179.JPG           


    Бозгашт