| Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ      Русский      English
"Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист,олами
наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ
нишон диҳем ва бо ин мақсад ба таҷдиди назар дар
масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем."
Эмомалӣ Раҳмон
Меню
  • АСОСӢ
  • ОИДИ КУМИТА
  • ФАЪОЛИЯТ
  • ҲАМКОРИҲО
  • ҚОНУНГУЗОРӢ
  • МАРКАЗИ АХБОРИ ЭКОЛОГӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



    Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт
    Ахбор

    Идомаи маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт 

    Дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе” бо иштироки бевоситаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар талу теппаҳои маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 27 октябри соли ҷорӣ зиёда аз 600 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

    Дар маъракаи ниҳолшинонӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, зерсохторҳои Кумита ва ташкилоту идораҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иштирок намуда, ҷиҳати сарсабзии ҳудуди шаҳри Душанбе ниҳол шинониданд.

    Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози маъракаи ниҳолшинонӣ ҳафтаи гузашта иштироки фаъолона намуда, зиёда аз 200 бех ниҳол дар талу теппаҳои маҳаллаи Лучоб шинонида, дар таъмини шукуфоию сарсабзии пойтахт саҳми босазо гузошта истодааст.

    Тибқи иттилои Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар дигар минтақаҳо аз ҷумла, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳо дар ин рӯз маъракаи ниҳолшинонӣ идома ёфт.

     
    
    Бозгашт