Ҳифзи олами ҳайвоноти нодир
Тибқи нақшаи корӣ, дар асоси фармоиши сардори Cарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади пурзӯр намудани назорати давлатии ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби cурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат дар ноҳияи Деваштич амалиёти назоратӣ гузаронида шуд.
Дар рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печони шарқӣ сокинони ноҳияи Деваштич, Ҷамоати деҳоти Яхтан, деҳаҳои Хоҷа Боҳир ва Хуҷатоир - Солиев Нуралӣ ва Шарипов Элёр ошкор гардида, нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба суди ноҳия фиристода шуд.
Мори печон як навъ мори безаҳр буда, дар қитъаҳои шағалу гилдори камрастанӣ маскан мегирад. Доманакуҳҳо ва минтақаҳои кӯҳии ҳамшафати водиҳои тангро меписандад.
Зоҳиран ба кӯрмор монандӣ дорад, бинобар ин мардуми таҳҷоӣ онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шудааст.